Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ хатсайрҳои ҳавоиро афзоиш медиҳанд

0
340 просмотров

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар соҳаи ҳавопаймоӣ тақвият медиҳанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ин дар ҳоле аст, ки дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Президенти Маъмурияти авиатсияи граждании Арабистони Саудӣ Абдулазиз ибни Абдуллоҳ Ал-Дуайлиҷ ва вазири ҳаҷ ва умраи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Тавфиқ ибни Фавзои Ал-Рабия мулоқот намуд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ барои рушди сайёҳии ҳар ду давлат бо назардошти афзун намудани хатсайрҳои мустақим байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муҳокима гардиданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ифтитоҳ намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Исфара дар деҳоти Ворух майдони Парчами ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: