Месси ва Роналду акнун дар як даста…

0
31 просмотров

Ҳамлагари аргентинии бошгоҳи “Интер Майами” — Лионел Месси ва ҳамлагари португалии тими “Ал-Наср” — Криштиану Роналду розӣ шудаанд, ки дар бозии хайрбоди собиқ ҳамлагари мунтахаби Аргентина — Карлос Тевес дар ҳайати як даста бозӣ кунанд. Дар ин бора худи футболбози аргентинӣ хабар дод.

Ин бозӣ моҳи декабри соли 2026 дар шаҳри Буэнос-Айрес, дар варзишгоҳи “Ла Бомбонера” баргузор хоҳад шуд.

“Ман ҳамеша орзу доштам, ки Криштиану ва Леоро дар як даста бубинам. Онҳо бузургтарин бозигарони ҳама давру замон мебошанд. Ман бо ҳардуи онҳо тамос гирифтам, бахусус бо Криштиану. Ба Роналду гуфтам: “Криштиану, ман мехоҳам, ки ту ва Месси дар бозии хайрбодии ман дар як даста бозӣ кунед, то тамоми ҷаҳон як бор ин ҷодуро бубинад”. Ӯ гуфт, ки хоҳад омад. Леоро низ розӣ кунондан душвор набуд. Ҳарду розӣ шуданд. Ман хеле ҳаяҷонзадаам, ин бозӣ бисёр эҳсосотӣ хоҳад буд”, — фишурдаи суханони Карлос Тевес нашрияи GOAL иқтибос овардааст.

Ёдовар мешавем, ки Карлос Тевес дар тими миллии Аргентина ҳамдастаи Лионел Месси буд. Дар сатҳи бошгоҳӣ бошад, ӯ бо Криштиану Роналду дар ҳайати “Манчестер Юнайтед” бозӣ кардааст.

Ҳамин тавр, агар нақшаҳо тағйир наёбанд, мухлисон моҳи декабр шоҳиди лаҳзаи нодир хоҳанд шуд. Онҷо Месси ва Роналду бори аввал дар ҳайати як даста ба майдон мебароянд.

Манбаъ: ТВ-Варзиш

Нет комментариев

Также рекомендуем

ТОП-5 вопросов для тех, кто недоволен своей жизнью

Иногда мы чувствуем, что застряли: привычные действия никак не приближают к семейному благополучию, финансовой прибыли, максимальной продуктивности, успеху и счастью. Чтобы улучшить свою жизнь, иногда ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: