Оё Рӯзи умумиҷаҳонии телевизионро медонед?

0
3 185 просмотров

Телевизион феълан яке аз ВАО-и машҳур маҳсуб мешавад. Моҳи декабри соли 1996 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) 21-уми ноябрро ба ифтихори баргузории Форуми нахустини умумиҷаҳонии телевизион (World Television Forum) дар соли 1996, чун Рӯзи умумиҷаҳонии телевизион эълон намуд (World Television Day). Рӯзи умумиҷаҳонии телевизион бештар ба он философияе, ки ба ҳаёти мо манфиат меоварад, бахшида шудааст.

Дар ҷаҳони имрӯза телевизион рамзи коммуникатсионӣ ва ҷаҳонишавӣ ба шумор меравад. Аз ин боис, ба давлатҳо барои табодули барномаҳои телевизионӣ бахшида ба муаммоҳои сулҳ, амният, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарохии мубодилаи фарҳангӣ, ҷашнгирии ин рӯзро пешниҳод карда буданд.

Имрӯз дар ҷаҳон шояд кишваре набошад, ки аз пахши барномаҳои телевизион бенасиб бошад. Бузургтарин ширкатҳои телевизионӣ дар ҷаҳон: CBC, NBC, ABC — дар ИМА;  BBC, ATV — дар Британияи Кабир; Рай – дар Италия;  NHK – дар Ҷопон;  CDP – дар Олмон мебошанд.

Аз таърихи телевизиони Россия: соли 1932 бори нахуст тасвирҳои ҳаракаткунанда намоиш ва соли 1937 нахустин маркази телевизион дар Шаболовка таъсис дода шуданд.

tv (1)

Айни замон, телевизион дар ҷаҳон нақши муҳим мебозад, аз ҷумла, дар ташаккули афкори ҷомеа ва тарбияи насли наврас ва ҷавонон таъсир мерасонанд. Аз ин хотир, СММ кишварҳои аъзои созмон ва намояндагони васоити ахбори оммаи пешсафи ҷаҳонро даъват менамояд, ки ба иттилооти пахшшуда диққати бештар диҳанд. Ба барномаҳое, ки дар соҳаи маориф ва илм, мусоидат ба бузургиву муқаддасии инсон ва арзишҳои фарҳангӣ, таҳаммулпазирӣ, сулҳу фарохии мубодилаи фарҳангӣ равона шудаанд, афзалият диҳанд.

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ба ғолиби мусобиқаи вилоятии “Маҳаллаи беҳтарин” 50 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад

Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои вилоят, ободонӣ, бунёдкорӣ, ҳифзи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: