Ғолибони озмуни “Дастархонороӣ” муайян шуданд

0
3 521 просмотров

Дар тарабхонаи «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни “Дастархонороӣ” баргузор гардид. Ёдовар бояд шуд, ки озмуни мазкур бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, сарфаву сариштакорӣ, камхарҷу сарфакорона, зебову хушхур оростани дастархонҳои ҷашну маросим гузаронида шуд.

Дар озмун кадбонуҳои беҳтарини шаҳру навоҳӣ маҳсули дастони худро ба маъраз гузоштанд.Муовини Раиси вилоят Назира Fаффорӣ ва ҳайати ҳакамони озмун аз дастархони оростаи кадбонуҳои шаҳру навоҳӣ дидан намуда, ҷиҳати камхарҷ ва босарфа гузаронидани ҷашну маросим андешаҳои худро баён намуданд.

Ҳамин тавр дастархони оростаи мардуми ноҳияи Айнӣ сазовори мақоми аввал, дастархондорони ноҳияи Бобоҷон Fафуров ба гирифтани мақоми дуюм сазовор шуда, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд. Ҷои сеюм бошад, ба дастархонороии мардуми Исфарамарз лоиқ ва ғолибон бо туҳфаҳои Раиси вилоят сазовар гаштанд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд  

Нет комментариев

Также рекомендуем

СОХТМОНИ 12 000 ИНШООТ ДАР СУҒД. Президенти Тоҷикистон барои сари вақт мавриди истифода қарор додани онҳо ба масъулин супориш доданд

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд сохтмон ва барқарорсозии 12 000 иншоот, аз ҷумла 700 корхонаву коргоҳи нави ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: