Нархи чиптаи ҳавопаймо арзон хоҳад шуд

0
3 036 просмотров

Роҳбари Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон Икром Субҳонзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки «мо бо «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» музокирот кардем. Тасмим шуд, ки нархи билети парвозҳо коҳиш дода шавад. Агар қаблан ба самти Русия нархи билет ҳудуди 4 ҳазор сомонӣ буд, ҳоло ҳудуди 2600 сомонӣ аст. Нархи билети бозгашт аз Русия аз 1600 сомонӣ сар мешавад.»

Субҳонзода афзуд, шароити нави иқтисодӣ онҳоро водор мекунад, ки барои ҳар як мусофир талош кунанд, «агар не, ҳамаи мусофиронро аз даст хоҳем дод». Ӯ гуфт, то чанд рӯзи дигар мавсими баҳории сафари муҳоҷирони тоҷик ба Русия оғоз мешавад ва ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистонро зарур аст барои онҳо шароити беҳтар ва нархи муносиб пешниҳод кунанд

Манбаъ:Тоҷикистонтаймс

Нет комментариев

Также рекомендуем

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба санаи 10 ноябр 100 фоиз иҷро гардид.

Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиши миллӣ тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори марбутаи Раиси вилояти Суғд моҳи октябри соли равон оғоз гардида буд ва ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: