Нақша ба андозаи 92,2 фоиз иҷро шуд

0
5 812 просмотров

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  ба андозаи 92,2 фоиз иҷро шуд. То имрӯз шаҳру ноҳияҳои Зафаробод, Шаҳристон, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Айнӣ, Ашт, Бӯстон, Гулистон, Деваштич, Истиқлол ва Кӯҳистони Мастчоҳ нақшаи даъватро пурра иҷро намуданд. Дар шаҳрҳои Истаравшан, Панҷакент, Конибодом, Исфара, Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даъват ва сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ идома дорад. Бояд гуфт, ки даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990 – 1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” сурат мегирад.

 

Манбаъ: сомонаи  расмии МИҲД-и вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

КҲФ ва МГ Тоҷикистон зарари низои мусаллаҳонаро дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон муайян мекунад

Бо мақсади муайян кардани зарари низоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон роҳбарияти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: