Дастаи “Истиқлол»-и Душанбе ба Филиппин расид

0
5 073 просмотров

Дастаи “Истиқлол»-и Душанбе,  барои бозии ҷавобии байниминтақавии AFC-2017 бо тими «Серес Негрос»  ба шаҳри Баколоди Филиппин расид.

Даста, ки дар меҳмонхонаи “Тhe Sugarland Hotel” қарор дорад, шоми дирӯз, 10-уми сентябр, тамрин аввалини худро анҷом дод. Имрӯз, 11-уми сентябр, пеш аз бозӣ нишасти хабарӣ бо ҳузури сармураббиён ва якнафарӣ бозигарони ҳарду даста доир хоҳад шуд.

Бозии ҷавобии байниминтақавии Ҷоми AFC-2017 миёни дастаҳои«Серес Негрос» ва “Истиқлол” 12-уми сентябр дар Баколод, дар варзишгоҳи «Панаад Парк стедиум», соати 16:30 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад.

 

Манбаъ: сомонаи телевизиони «Варзиш»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ҷавонон аз смартфонҳо даст мекашанд

Маҷаллаи бритониёии Huck дар бораи чанд ҷавоне, ки смартфонҳоро ба фоидаи телефони тугмача партофтаанд, як мақолаи тӯлонӣ нашр кардааст — ин ба онҳо кӯмак мекунад, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: