Маркази сайёри хунсупорӣ дар шаҳри Хуҷанд

0
2 946 просмотров

Сокинони шаҳри Хуҷанд имкон доштанд, бо хоҳиши худ дар маркази сайёр хун супоранд.
Таи чанд сол аст, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр маркази сайёри донорӣ ташкил карда мешавад.
Дирӯз низ дар назди дармонгоҳи дандонпизишкии маркази вилоят духтурон ва ҳамшираҳои тиббии Маркази хуни вилояти Суғд бунгоҳи тиббии қабули хунро ташкил намуда буданд.
Давоми нимаи аввали рӯз зиёда аз 40 нафар ба ин маркази сайёр муроҷиат намуда, 26 нафари онҳо хун супориданд.
Тибқи муқаррароти қабулгашта дар аввал шахсони хоҳишманд аз муоинаи тиббӣ гузашта, баъдан дар сурати мувофиқат намудани саломатӣ аз онҳо ба ҳаҷми 300 млг хун гирифта мешавад. Ҳамчунин дар назди ин нуқтаи сайёр мизи маводи ғизои серкалория ташкил карда шудааст, ки ба нафарони хунсупорида пешниход карда мешавад.
Дар рӯзҳои минбаъда нуқтаи сайёри хунсупорӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ ташкил карда мешавад.

Дар ин бора  www.khujand.tj хабар медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

8 сабаби машҳуршавии Windows XP

8 апрели соли 2014 муҳлати кори дастёрии Windows XP аз тарафи истеҳсолкунанда ба охир мерасад. Ширкати Майкрософт истеҳсоли навгониҳо ва пайвасткунакҳоро барои системаҳои оперативии куҳна қатъ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: