Истифодабарандагони iOS аз Android зиёд

0
2 576 просмотров

Ширкати Google баҳисобгирии аҷибро вобаста ба дастгоҳҳои истифодабарандаи насбшудаи тафсирҳои ОС Android мегузаронад. Мувофиқи маълумоти пешниҳодшуда тафсири Android 6.0 Marshmallow нисбатан маъруф мебошад ва он дар 32,3%-и дастгоҳҳо насб карда шудааст. Тафсири охирини Android 7 Nougat бошад, танҳо дар 13.5 % дастгоҳҳои Android насб шудаасту халос (7.0 дар 12.3 % ва тафсири нисбатан деринаи 7.1 дар 1.2 % гаджетҳо насб гардидааст).

Тафсири Android Lollipop аз рӯи маъруфият дар ҷойи дуюм қарор дошта, дар 29.2 %-и дастгоҳҳо кор мекунад. 16.0 %-и дастгоҳҳо ба Android4.4 KitKat (16 %) мансубанд. Тафсири Jelly Bean 7.6 %-ро гирифт ва ба тафсири нисбатан қаблии системаи оператсионии Ice Cream Sandwich ва Gingerbread боқимонда 1.4 %-и дастгоҳҳо рост меояд.

Дар дастгоҳҳои ширкати Apple бошад, ҳолат бо тафсирҳои системаҳои оператсионии iOS тамоман баракс мебошад: тафсири аз ҳама актуалии iOS 10 дар 87 %-и гаджетҳо кор мекунад. Тафсири iOS -9 10 %-и бозорро ташкил медиҳад ва танҳо 3 %-и дастгоҳҳо системаи оператсионии кӯҳнаро дастгирӣ менамоянд.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Маслиҳати сеҳрнок

Барои пӯст воситаҳои хонагӣ ниҳоят муфиданд, маҳз ҳамин чизҳо чинҳои чуқургаштаро нобуд месозанд. Усули табобат ниҳоят оддӣ буда, вақти зиёдро талаб намекунад. Дар рӯйхати мубориза ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: