Ҷуфтҳои бозиҳои даври плей-оффи Лигаи Чемпионҳо 2026/2027

0
14 просмотров

Шоми 11-уми август бозиҳои ҷавобии даври сеюми марҳилаи интихобии мавсими Лигаи Чемпионҳои УЕФА 2026/2027 баргузор шуданд, ки дар натиҷаи он ҳамаи ҷуфти бозиҳои даври плей-оффро муайян карданд.

Ҷуфтҳои бозиҳои даври плей-оффи Лигаи Чемпионҳо 2026/2027 инҳоянд:

“Фенербахче” (Туркия) – “Лион” (Фаронса);

“НЕК Неймеген” (Нидерланд) – “Буде/Глимт” (Норвегия);

“Хапоел Беер Шева” (Исроил) – “Сабоҳ” (Озарбойҷон);

“Слован” (Словакия) – “Селйе” (Словения);

“Селтик” (Шотландия) — ЛАСК (Австрия);

“Динамо Загреб” (Хорватия) – “Викинг” (Норвегия);

“Левски София” (Булғористон) — АЕК (Юнон).

Бозиҳои аввали ин марҳила 18-уми август ва бозиҳои ҷавобӣ рӯзи 25-уми август баргузор мешаванд. Ғолибони ин бозиҳо ба марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳо ва мағлубшудагон ба марҳилаи умумии Лигаи Аврупо роҳ меёбанд.

“ПСЖ” қаҳрамони феълии Лигаи Чемпионҳо мебошад, ки дар финали мавсими 2025/2026 “Арсенал”-и Лондонро   (1:1, 4:3 аз рӯи пеналтӣ) мағлуб карда буд.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: