Талаботи нав барои истгоҳҳои барқпуркунии мошинҳо

0
17 просмотров

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти соҳибкорон ва субъектҳои хоҷагидор  мерасонад, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2026  «Дар бораи Тартиби додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқа, қабули огоҳиномаҳо», фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ ҳамчун намуди фаъолияти махсус муқаррар карда шудааст.

Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад Вазорат ба таваҷҷуҳи ҳамаи соҳибкорон ва субъектҳои хоҷагидоре, ки ба фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ машғуланд ё дар оянда чунин фаъолият ба роҳ монданиянд, мерасонад, ки барои анҷом додани фаъолият гирифтани иҷозатномаи махсус аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.

Соҳибкорон ва субъектҳои хоҷагидори дахлдорро зарур аст, ки барои ба расмият даровардани фаъолият ва гирифтани иҷозатномаи махсус тибқи тартиби муқарраргардида ба сомонаи ijozat.mewr.tj ворид гардида, худро ба қайд гиранд ва номгӯйи ҳуҷҷатҳои заруриро дохил намоянд.

Ҳамзамон метавонанд ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: