Гурӯҳи роҳбаладони «Shohin Airlines» барои гузаштани омӯзиши касбӣ ба Turkish Aviation Academy фиристода шуд

0
105 просмотров

Нахустин гурӯҳи роҳбаладони ширкати хусусии ҳавопаймоии «Shohin Airlines» барои гузаштани омӯзиши касбӣ ба Академияи авиатсионии Туркия — Turkish Aviation Academy фиристода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Shohin Airlines» иттилоъ медиҳад.

Ин ҷавондухтарону ҷавонписарон аввалин чеҳраҳои ширкат дар дохили ҳавопаймоҳои «Shohin Airlines» хоҳанд буд. Онҳо барои мусофирон фазои бароҳат эҷод намуда, муҳимтар аз ҳама, сатҳи баланди бехатариро таъмин менамоянд.

Таҳсил дар яке аз академияҳои авиатсионии пешоҳанги ҷаҳон барои онҳо имкони азхуд кардани таҷрибаҳои беҳтарини байналмилалӣ ва омодагии мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонии авиатсияи гражданиро фароҳам меорад.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Открытие производственного цеха по выпуску арматуры в городе Гулистон

В промышленной зоне города Гулистон Согдийской области с участием Основателя мира и национального единства – Лидера нации, Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона было сдано ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: