IRS: Бар асари садама дар километри 133 — юми роҳи Душанбе — Чаноқ касе осеб надидааст

0
1 000 просмотров

Имрӯз дар километри 133 — юми роҳи Душанбе — Чаноқ (дар болои пул) мошини боркаши барои интиқоли гази моеъ пешбинишуда ба садама дучор шуд, ки бар асари ин ҳодисаи нохуш касе осеб надидааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Кормандони филиали ширкат ва техникаҳои пуриқтидор фавран ба макони садама сафарбар шуданд. Дар навбати аввал гази моеъ ба мошини дигар интиқол ёфта истодааст.

Баъд аз анҷоми ин кор барои аз болои пул ба канори роҳ баровардани мошини мазкур тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

Ширкат аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ боэҳтиёт ва бодиққат бошанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Шоми фарҳангии тоҷикон дар Парижи Фаронса

Дар он намояндагони вазорату идораҳои Фаронса, ҳайати дипломатии кишвари иқомат, гурӯҳҳои тиҷоратӣ, доираҳои илмӣ-фарҳангӣ, инчунин тоҷикони муқими Фаронса ва дӯстони Тоҷикистон ширкат варзиданд. Дар шаҳри ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: