Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуд

0
1 030 просмотров

17 ноябр дар шаҳри Самарқанд ҷаласаи 18-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад.

Вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ҳолати кунунии муносибот ва дурнамои таҳкими ҳамкорӣ миёни ду минтақаро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ- иқтисодӣ, обу энергетика, амният, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳамкории минтақавӣ баррасӣ карда, перомуни мавзӯоти байналмилалӣ табодули андеша намуданд.

Инчунин атрофи дурнамои равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби абзорҳои ҳамкорӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн гуфтугӯи созанда сурат гирифт.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

40 кулинарных советов, которые сделают из вас шеф-повара

Джейми Оливер — незаурядный и очень талантливый шеф-повар из Великобритании. Он является автором многих кулинарных бестселлеров, активно участвует в гастрономических шоу. Также Джейми — борец за здоровье нации и правильное питание. AdMe.ru публикует ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: