Филми тасвирии «Алифбо» аз «Тоҷикфилм»

0
2 981 просмотров

Шуъбаи филмҳои аниматсионии «Тоҷикфилм» тасмим гирифтааст, ки   то охири сол барои кӯдакони синни томактабӣ филми тасвирии пурраи «Алифбо» -ро  истеҳсол намояд.  

Ба зикри манбаъ, филми мазкур баъд аз  омодагӣ, тартиби ҷузъиёт ва сохтани персонажҳо дар марҳилаи сохтани аниматсия қарор дорад.

Инчунин иттилоъ дода шуд, ки барои офаридани филми мазкур  беш аз 20 нафар мутахассисони варзида фаъолият доранд.

Филм аз рўйи сенарияи Умеда Раҳимова  бо коргардонии Фирдавс Насруллозода таҳия мегардад. Барои овоз ва дубляжи филми аниматсионии «Алифбо» ҳунармандони театру кино даъват карда мешаванд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?

Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 2 март то 28 апрел давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД)-2026 баргузор мегардад. Маркази ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: