Хуҷанд шаҳри беҳтарини Тоҷикистон эълон шуд

0
4 929 просмотров

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи ҷамъбастии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тибқи қарордоди комиссияи озмуни ҷумҳуриявӣ шаҳри Хуҷанд ғолиби озмун гардида Шаҳри беҳтарин дониста шуд.

Ба раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз Шаҳодатнома ва 30 ҳазор сомонӣ мукофотпулии ғолибиятро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар лаҳзаи тантанавӣ супорид.

Лозим ба ёдоварист, ки озмуни мазкур тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашта, дар он тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ширкат намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳри Язди Ҷумҳурии Исломии Эрон бародаршаҳр мегардад

Байни шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Язди Ҷумҳурии Исломии Эрон алоқаҳои бародаршаҳрӣ барқарор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».   8 ноябр дар маросими ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: