Фавтидагон дар сӯхтори бозори Сургут сокинони Суғд будаанд

0
3 505 просмотров

Дар ҳодисаи сӯхторе, ки санаи 29-уми март дар кӯчаи Островскии шаҳри Сургути Русия рух дод, се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон — зодагони ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба ҳалокат расиданд.

Котиби матбуотии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷасадҳои Ҷамшед Муродови 22-сола, Шаҳзод Собирови 18-сола ва Наимҷон Самитови 21-сола имрӯз, 30-юми март ба ватан фиристода мешаванд. Фавтидагон дар яке аз сохтмонҳои шаҳр машғули кор будаанд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти фаврии Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия дар Ҳавзаи Мухтори Ханти-Мансийск, дар кӯчаи Островскиий шаҳри Сургут шаби 29-уми март контейнерҳои боркаш, ки барои иқомату зист мувофиқ шуда буданд, оташ гирифта,  бар асари он се нафар ба ҳалокат расиданд.

Манбаъ: http://www.news.tj/tj/news/

Нет комментариев

Также рекомендуем

НБО «Роғун» — иншооти бузурги аср

Роғун — шаҳрест дар Тоҷикистон. Ин шаҳр маркази маъмурии ноҳияи Роғун мебошад. Аҳолиаш дар соли 2015 тақрибан 15000 нафар аст. Дар айни замон дар ин ноҳия ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: