Дар Тоҷикистон сеюмин Синамоҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон» доир мешавад

0
12 просмотров

Дар Тоҷикистон сеюмин Синамоҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон» доир мегардад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд, барои иштирок дар ин ҷашнвора аз 15 июн қабули ҳуҷҷатҳо оғоз шудаанд, ки то 15 сентябр идома меёбад.

Синамоҷашнвораи миллӣ дар доираи татбиқи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» баргузор шуда, ба рушди синамои миллӣ, дастгирии синамогарони ҷавон, таблиғи беҳтарин дастовардҳои синамои тоҷик, таҳкими ҳамкории эҷодӣ, ҳифзу густариши арзишҳои фарҳангию маънавии мардум доир мегардад.

Дар барнома ҷоизаҳо барои «Беҳтарин коргардон», «Беҳтарин наворбардор» «Беҳтарин рассом», «Беҳтарин нақши мардона», «Беҳтарин нақши занона», «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ», «Беҳтарин филмнома барои кӯдакон ва наврасон» ҷоизаи махсуси ҳакамон, таваҷҷуҳи тамошобин ва ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе «Барои саҳми муносиб дар рушди кинои тоҷик» муайян карда мешаванд.

Филмҳои бадеӣ, филмҳои кӯтоҳмуддат ва истеҳсоли муштарак барои иштирок кардан ҳақ доранд. Филмҳое, ки дар солҳои 2024–2025 офарида шудаанд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, қабул карда мешаванд.

Филмҳои пешниҳодшуда аз ҷониби комиссияи интихобӣ баррасӣ гардида, беҳтаринҳо барои даври ниҳоӣ роҳхат мегиранд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Официальный курс валюты на 31.08.2018

Национальный банк Таджикистана (НБТ) 31.08.2018 года с целью бухгалтерского учета и оплаты таможенной пошлины определил официальный курс иностранной валюты по отношению к сомони. 1 доллар ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: