Нақшаи даъвати тирамоҳии ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд

0
36 просмотров

Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008–и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз муҳлат пурра иҷро гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ташкилу баргузории чорабиниҳои рӯзи аввали даъват ва натиҷаҳои назарраси он маълум аст, ки бо оғоз гардидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ нахустин шуда, дар ҷумҳурӣ шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи даъватро дар рӯзи якум пурра иҷро намуданд.

Ҳамчунин шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ аз аввалинҳо шуда, нақшаи муқарраргардидаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро иҷро карданд.

Ҳамзамон масъулини вобаста ба маъракаи даъват дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сари вақт ин маъракаи муҳими сиёсиро ба анҷом расониданд.

Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ давлату Ҳукумати мамлакат ба рушди Қувваҳои Мусаллаҳ ва беҳтар намудани шароити хизматчиёни ҳарбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Иҷрои саривақтии даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, иродаи қавӣ ва садоқати онҳоро ба Ватан нишон медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» 1 октябр даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардида, 15 ноябр пурра иҷро гардид.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 07.06.2022

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.4000 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: