Дар Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад

0
15 просмотров

28 июн дар «Боғи Ирам» ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷашнгоҳ  навъҳои гуногуни зардолу, анвои аз он омодашуда, олу, гелос, шафтолу, себ, ғалладонагӣ ва зироати полезӣ ба намоиш ва фурӯш гузошта мешавад. Ҳамчунин дар макони баргузории ҷашни Тиргон дастовардҳои илмии олимони соҳаи кишоварзии мамлакат низ ба намоиш гузошта мешавад.

Ҷашни Тиргон дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, доир карда мешавад.

Ҳар як ҷашну ойин ва маросим гӯяндаи таърихи ҳамагон ва тамаддуни таърихӣ аст. Дар таърихи бостон аҳамияти баргузории ҷашни Тиргон ба ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада баробар аст.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбоши ба муносибати ҷашни Тиргон 30 июни соли 2024 таъкид намуданд, «ҷашни Тиргон ҳанӯз дар замонҳои хеле қадим дар байни мардуми мо бо хушҳоливу хурсандӣ ва бо риояи расму ойинҳои хоси он таҷлил мегардидааст. Дар айёми Тиргон ғалла расида, бисёр навъҳои мева низ мепазанд ва ҷамъоварии ҳосили парваришнамудаи марди деҳқон вусъат мегирад. Яъне ба қавли мардуми тоҷик давраи долу зарби кори кишоварзӣ фаро мерасад».

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Самый дорогой чай в мире

Неподалеку от монастыря Тяньсинь растет шесть чайных кустиков – именно с них собирают листочки для знаменитого чая Да Хун Пао. Десять лет назад 20 грамм ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: