Абдуқаҳор Ғаффуров сазовори ҷои дуюм гашт

0
3 802 просмотров

Дар шаҳри Боку 25 октябр маросими ниҳоии фестивали 9-уми байналхалқии сарояндагони муғам миёни кӯдакон баргузор гардид.   Тоҷикистонро дар фестивал Абдуқаҳор Ғаффуров муаррифӣ карда, бо забони озарӣ мусиқии «Таснифи чоргоҳ»-ро иҷро намуд ва сазовори ҷои дуюм гардид. Ҷашнвора аз соли 2009 то инҷониб дар Озарбойҷон доир мегардад. Мақсад аз ин фестивал муайян кардани маҳорати ҷавонон ва мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ буда, он ба ҷавонони кишварҳои хориҷӣ имкон медиҳад, ки бо фарҳанг ва санъати Озарбойҷон шинос гарданд. Дар озмуни мазкур ҷавонони то синни 16 аз Тоҷикистон, Озарбойҷон, Алҷазоир, Миср, Эрон, Қазоқистон, Туркия, Тунис, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок доштанд.

 

Манбаъ:сомонаи расмии АМИТ «Ховар»

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Оғози кишти пахта дар хоҷагиҳои ноҳияи Ашт

Дар хоҷагиҳои деҳқонии «Пискокат»-и Ҷамоати деҳоти Ашт ва «Рахшона»-и Ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ашт кишти пахта оғоз гардид. Тибқи иттилои Дафтари матбуоти раиси ноҳияи Ашт ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: