Дар бозии “Интер” ва “Ювентус” ҳашт гол зада шуд

0
495 просмотров

Дар доираи бозиҳои даври 9-уми Серияи А дастаҳои “Интер” ва “Ювентус” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Ҷузуппе Меатса”-и шаҳри Милан баргузор гардида, бо ҳисоби мусовии 4 бар 4 анҷом ёфт.

Дар дақиқаи 15-ум нимҳимоятгари «Интер» Петр Зелински аз зарбаи пеналтӣ ҳисобро боз кард. Голи ҷавобии “Ювентус”-ро ҳамлагар Душан Влахович дар дақиқаи 20-ум ба самар расонид. Нимҳимоятгар Тимоти Веа меҳмононро ба пеш овард. Дар дақиқаи 35-ум бозигари ҷониби “бянконерҳо” Генрих Мхитарян гол зад.

Баъди ду дақиқа Зелински дар ин рақобат пеналтии дуюми мизбононро ба самар расонид. Дензел Дюмфрис бошад, бартарии ҳисобии дастаи шаҳри Миланро зиёд кард. Дар дақиқаи 71-ум   ҷониби сиёҳу сафедҳо Кенан Йилдиз голи сеюми меҳмононро ба самар расонид. Сипас дар дақиқаи 82-юм голи дуюми Йилдиз барои тимаш мусовӣ овард.

Ҳоло пас аз 9 даври чемпионат, «Интер» 18 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали Серия А дар мавсими 2024/2025 дар ҷои дуюм аст. «Ювентус» бошад, пас аз ҳамин қадар бозӣ бо касби 17 имтиёз дар ҷои сеюм мебошад. “Наполи” бо 22 имтиёз дар ҷои аввал қарор дорад.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Барои чӣ нўшидани қаҳва муфид аст?

Қаҳва барои ҷавон нигоҳ доштани пўсти рўй хеле муфид аст ва барои ин дар як рўз танҳо ду пиёлача нўшидан кифоя мебошад. Ин назарияро профессори ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: