Масъалаи ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилояти Суғд баррасӣ гардид

0
428 просмотров

Раиси вилояти Суғд бо роҳбарони ширкатҳои чинии «Shandong Ducrling Group» ва «Ujiha Study Abroad Consulting service» мулоқот намуд, ки зимни он ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Дар мулоқот ҷонибҳо барои бунёди корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ, бунёди биноҳои баландошёна ва инфрасохтори зарурӣ барои шаҳракҳои навбунёд, ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва ҷалби ҷавонон ба донишгоҳҳои Чин мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон ҳамкорӣ дар бахши истеҳсол ва истифодаи панелҳои офтобӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав дар самти бунёду навсозии иншооти муҳими иҷтимоӣ ба манфиати ҷонибҳо арзёбӣ гардид.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 11.03.2021

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.3082 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: