Нақша ба андозаи 92,2 фоиз иҷро шуд

0
6 002 просмотров

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  ба андозаи 92,2 фоиз иҷро шуд. То имрӯз шаҳру ноҳияҳои Зафаробод, Шаҳристон, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Айнӣ, Ашт, Бӯстон, Гулистон, Деваштич, Истиқлол ва Кӯҳистони Мастчоҳ нақшаи даъватро пурра иҷро намуданд. Дар шаҳрҳои Истаравшан, Панҷакент, Конибодом, Исфара, Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даъват ва сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ идома дорад. Бояд гуфт, ки даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990 – 1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” сурат мегирад.

 

Манбаъ: сомонаи  расмии МИҲД-и вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Календарь боев в MMA и боксе в октябре

Октябрь – насыщенный на единоборства месяц, и чтобы не потеряться в российских и мировых турнирах, Sports.ru публикует обновляемое расписание. • 12 октября: «Наше Дело», Петр ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: