Тоҷикистон: Нисбат ба соли сипаришуда истеҳсоли картошка дар ҷумҳурӣ 144 ҳазор тонна зиёд гардидааст

0
1 560 просмотров

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 5 ноябр дар мамлакат беш аз 691 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 144 ҳазор тонна зиёд мебошад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии мамлакат хабар медиҳад.

То санаи зикршуда дар майдони 34 182 гектар  кишти картошка гузаронида шудааст,  ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1921 гектар зиёд мебошад.

Ба иттилои Вазорати кишоварзӣ, деҳқонони вилояти Суғд дар ҷамъоварии картошка саҳми назаррас гузошта, то ин муддат  беш аз 340 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ намудаанд.

То имрӯз дар вилояти Хатлон беш аз 108 ҳазор тонна, ВМКБ 179 ҳазор тонна ва дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 224 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ифтитоҳи 124 корхонаи саноатӣ дар Суғд

Тибқи нақша дар соли ҷорӣ ба истифода додани 170 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо 5,3ҳазор ҷойҳои нави корӣ дар назар дошта шудааст. Дар натиҷаи тадбирҳои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: