Зиёда аз 5 миллион нафар дар Тоҷикистон муштариёни интернети мобилӣ мебошанд

0
5 просмотров

Дар Тоҷикистон шумораи умумии истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит ба 5,5 миллион расидааст, ки аз ин шумора 5,3 миллион нафари он муштариёни интернети мобилӣ мебошанд. Дар ин хусус 8 июл сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Шумораи умумии муштариёни пайвастшуда ба шабакаҳои алоқаи барқӣ бошад 8,2 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 6,1 миллион муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ мебошанд.

Тибқи иттилои хадамот, дар ҷумҳурӣ интернет аз ҷониби 6 ширкати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва 30 ширкати хизматрасониҳои алоқаи собит таъмин гардида истодааст.

Дар баробари ин бо мақсади таъмини иҷрои талаботи ҳатмии қонунгузорӣ ва «Талаботи ҳадди ақал ба сифати хизматрасонии алоқаи барқӣ», дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба ширкатҳои мобилӣ, шахсони мансабдор ва масъулони марказҳои хизматрасонӣ ба маблағи 605 ҳазору 310 сомонӣ ҷарима таъин гардида, ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд. Ин тадбирҳо ба баланд бардоштани масъулияти субъектҳои соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ мусоидат намуданд.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

1500 новобранцев из городов и районов Согда отправлены на службу в рядах ВС Таджикистана

4 октября в Бободжонгафуровском районе состоялась церемония проводов в воинские части призывников из городов и районов Согдийской области, сообщает SugdNEWS. В Согдийской области этому мероприятию ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: