Барқияи тасаллият ба Президенти Индонезия

0
4 717 просмотров

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии  Индонезия Ҷоко Видодо барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари фоҷиавии суқути ҳавопаймо дар наздикии ҷазираи Яваи Ҷумҳурии Индонезия, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон гардид, моро хеле андуҳгин кард.

Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба тамоми мардуми дӯсти Индонезия аз Шумо, ҷаноби Президент, хоҳишмандам, ки ҳамдардии амиқи моро ба наздикону пайвандони фавтидагон бирасонед».

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз 21.12.2017

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 21 декабр  қурби расмии асъори хориҷиро  бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ  чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8194 ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: