Душанбе мизбони ду чеҳраи барҷастаи таърихи бокси ҷаҳонӣ гардид. Афсонаҳои бокси касбӣ Майк Тайсон ва Эвандер Холифилд ба пойтахти Тоҷикистон ташриф оварданд. Ин сафар барои дӯстдорони варзиш ва махсусан мухлисони бокс рӯйдоди хотирмон ба шумор меравад, зеро ин ду муштзани машҳури амрикоӣ бори аввал ба Душанбе омадаанд.
Қаҳрамонҳои собиқи ҷаҳон имрӯз, 5 ноябр, соати 12:00 дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои муштзанҳои ҷавон дарси маҳорат баргузор мекунанд. Ин имконияти нодирест барои варзишгарони ҷавон, то аз таҷриба, дониш ва роҳу усулҳои тамринии ду чеҳраи шинохтаи бокси ҷаҳонӣ баҳра баранд.
Майк Тайсон яке аз машҳуртарин муштзанҳои таърихи бокси касбӣ буда, дар синни 20-солагӣ унвони қаҳрамони ҷаҳон миёни сангинвазнҳо ба даст овардааст. Эвандер Холифилд низ аз чеҳраҳои барҷастаи ин ришта ба шумор рафта, дар таърихи бокс ҳамчун яке аз муштзанҳои муваффақи сангинвазнҳо шинохта мешавад. Рақобати таърихии ин ду варзишгар, бахусус ду муҳорибаи машҳури онҳо, то имрӯз дар хотираи мухлисони бокс боқӣ мондааст.
Ҳамчунин, меҳмонони олиқадр бегоҳии имрӯз дар чорабинии «Шоми пирӯзиҳои бузург», ки аз ҷониби ширкати TAS International Group ташкил мешавад, иштирок хоҳанд кард. Макони баргузории ин чорабинӣ Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе мебошад.
Ҳузури ду ситораи бузурги бокси ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон на танҳо барои мухлисони ин намуди варзиш, балки барои насли ҷавони муштзанҳо низ рӯйдоди муҳим ва илҳомбахш хоҳад буд.
Манбаъ: Варзиш-ТВ


Нет комментариев