Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2026 оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Барои бақайдгирии довталабон (давраи чорум) дар 8 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ – Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда шудаанд.
Дар ин давра шахсони зерин худро номнавис карда метавонанд:
— шахсоне, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ- 2026 ягон бор худро номнавис накардаанд;
— довталабони дар давраҳои якум, дуюм ва сеюми бақайдгирӣ номнависшудае, ки дар имтиҳонҳо (даврҳои якум, дуюм ва сеюм) иштирок накардаанд;
— довталабони дар яке аз даврҳои имтиҳонҳо иштироккардае, ки ба озмун роҳ наёфтаанд, яъне аз як ё якчанд субтест холи гузаришро соҳиб нашудаанд;
— довталабони дар асоси яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагии давраҳои якум, дуюм ва сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ — 2026 комёбшудае, ки барои қабул дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир нашудаанд;
— довталабоне, ки дар асоси яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагии давраҳои якум, дуюм ва сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2026 аз рӯйи ихтисосҳои самти тиб гузаштаанд, вале бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил кардан дар муассисаҳои таълимии тиббиро надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.
Шахсони хоҳишманди иштирок дар даври чоруми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ — 2026 бояд бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда шудааст, дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шаванд. Мувофиқи тартиби муқарраргардида, бақайдгирӣ бо ҳузури ҳатмии довталаб доир мешавад.
Муҳлати давраи чоруми бақайдгирӣ то 20 ноябр муқаррар гардидааст.
Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи чоруми бақайдгирии довталабон ҷойҳои дар доираи нақшаи қабули донишҷӯён холимонда танҳо аз рӯйи шаклҳои ғоибона ва фосилавии таҳсил аз ҳама муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ё аз муассисаҳои таълимии алоҳида пешниҳод карда мешаванд. Вобаста ба ин, дар ин давраи бақайдгирӣ ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ танҳо аз рӯйи шаклҳои ғоибона ва фосилавии таҳсил пешниҳод карда шудаанд.
Довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда, то 12 комбинатсияи ихтисоси мавриди писандашонро танҳо аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб карда метавонанд.
Манбаъ: АМИТ Ховар


Нет комментариев