13 ҷудокори тоҷик дар мусобиқаи Abu Dhabi Grand Slam 2026 иштирок мекунанд

0
6 просмотров

Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқаи бонуфузи байналмилалии Abu Dhabi Grand Slam 2026, ки дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, бо ҳайати иборат аз 13 варзишгар иштирок мекунад.

Ин мусобиқа яке аз рӯйдодҳои муҳими тақвими байналмилалии ҷудо ба ҳисоб рафта, варзишгарони кишварҳои гуногуни ҷаҳонро гирди ҳам меорад. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар ин сабқат иштироки 374 ҷудокор аз 59 кишвари шаш қитъаи ҷаҳон дар назар аст. Чунин рақобатҳои сатҳи баланд барои варзишгарон имкони хуби санҷидани маҳорат, андӯхтани таҷрибаи байналмилалӣ ва рақобат бо намояндагони мактабҳои гуногуни ҷудоро фароҳам меоранд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 13 ҷудокор дар ҳафт вазн намояндагӣ мекунанд. Дар вазни то 60 кг Меҳрзод Суфиев ва Лоиқ Қутбуддинов ба майдони рақобат мебароянд. Дар вазни то 66 кг бошад, Маҳмадхоҷазода Искандар ва Сарвар Абдушукуров Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.

Дар вазни то 73 кг Маъсуди Аҳмадзод ва Бенёмин Назиров ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Ҳамзамон, дар вазни то 81 кг Абубакр Боқиев ва Сунатулло Мусоев барои ба даст овардани натиҷаи хуб талош менамоянд.

Дар вазни то 90 кг Умар Расулов ва Музаммир Каримзод ба рақобат мепардозанд. Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг ва Парвиз Абдураҳмонов ҳамроҳ бо Шариф Назриев дар вазни беш аз 100 кг ҳайати мунтахаби Тоҷикистонро пурра мекунанд.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: