Имрӯз, 29 октябр дар бинои Парламенти Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳти шиори «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, барои иштирок дар форуми мазкур Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева, Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай, Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова ва муовини якуми Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Медербек Алиев бо ҳайатҳои расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Қабл аз оғози форум Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар толори даромадгоҳи бинои Маҷлиси Олӣ меҳмонони олиқадрро самимона истиқбол гирифта, дар ҳамин ҷо маросими аксбардории якҷояи роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид.
Сипас Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба кори Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ ифтитоҳ бахшида, суханронӣ намуданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст ҳамтоёни худро аз давлатҳои дӯсту ҳамҷавори Осиёи Марказӣ ва аъзои ҳайатҳои расмии парламентҳои кишварҳои ҳамсояро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.
Изҳор гардид, ки баргузории мунтазами Форуми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки аз қарори ҳамоиши машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ маншаъ мегирад, аз хусусияти устувор, бонизом ва стратегии муколамаи байнипарламентӣ дар минтақа гувоҳӣ медиҳад.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ таъкид доштанд, ки имрӯз дар Осиёи Марказӣ низоми нави ҳамкории минтақавӣ тадриҷан ташаккул ёфта, муносибатҳои байни кишварҳои минтақа боз ҳам густариш меёбанд. Асоси ин равандро ҳамоҳангсозии манфиатҳои миллӣ, рушди ҳамкории мутақобилан судманд ва таҳкими иқтидори иқтисодии кишварҳои минтақа бо дарназардошти воқеияти имрӯзаи геосиёсӣ ташкил медиҳад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»


Нет комментариев