13 бозӣ мешавад, ки “Арсенал” дар ПЛА шикастнопазир аст!

0
866 просмотров

Дар доираи бозиҳои даври 21-уми ПЛА дастаҳои “Арсенал” ва “Манчестер Юнайтед”  ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Эмирейтс”-и шаҳри Лондон  доир шуда,  бо ҳисоби 3 бар 2  ба суди мизбонон  хотима ёфт.

Голҳоро дар ҷараёни вохӯрӣ Нкетиа ду маротиба ва Сака аз ҳайати “Арсенал” ва Маркус Рэшфорд ва Мартинес дар ҳайати “Манчестер Юнайтед” ба самар расониданд.

Бо ин пирӯзӣ дастпарварони Артета ба силсилағалабаҳои “девҳои сурх” дар ПЛА нуқта гузоштанд. Худи “тӯпчиён” дар ПЛА 13 бозӣ мешавад, ки пайиҳам пирӯзӣ ба даст меоранд ва бо касби 50 имтиёз садрнишини ҷадвали мусобиқот мебошанд.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

В Таджикистане ожидается пыльная буря

Агентство по гидрометеорологии Республики Таджикистан предупреждает граждан и гостей столицы  о том, что с 11 по 13 июля в республике сохранится угроза гляциальных (ледниковых) селевых ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: