«Барселона» бо Лигаи Чемпионҳо видоъ кард

0
1 623 просмотров

Дар вохӯрии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо дастаи “Бавария” тими “Барселона”-ро пешвоз гирифт. Набарди дастаҳо дар варзишгоҳи «Алянс-Арена» баргузор шуда, бо натиҷаи 3:0 ба суди олмониҳо хотима ёфт. Дар ин бозӣ голҳоро Томас Мюллер, Лерой Сане ва Ҷамол Мусиала ба нишон расониданд.

Баъди ин бозӣ “Бавария” соҳиби 18 хол шуда, ба даври 1/8 финал роҳ ёфт. Инчунин аз гурӯҳи “Е” дастаи “Бенфика” низ ба марҳилаи плей-оффи роҳ пайдо кард. Дастаи “Барселона” бошад, бо ЛЧ худоҳофизӣ намуда, ба Лигаи Аврупо роҳ ёфт. Бояд гуфт, ки “нилунориҳо” дар 18 соли охир бори аввал ба даври 1/8 ниҳоии ЛЧ роҳ намеёбанд.

Манбаъ: Варзиш-тв

Нет комментариев

Также рекомендуем

Тоҷикистон ҷомеаи байналмилалиро даъват кард, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон тадбирҳои фаврӣ андешанд

27 октябр дар шаҳри Теҳрон ҷаласаи дуюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар шакли 6+1 бо иштироки Федератсияи Русия баргузор гардид, ки дар он ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: