Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири кор бо оила ва хизматрасонии иҷтимоии Туркия

0
1 460 просмотров

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо Вазири кор бо оила ва хизматрасонии иҷтимоии Туркия Деря Яник 8 декабр дар Анқара мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубодилаи дониш, таҷриба ва таҳкими ҳамкорӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳоли мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон ҷонибҳо аҳамияти оиларо дар ҷомеа зикр  карданд.

«Дар даврони истиқлол дар Тоҷикистон мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида, махсусан дар партави сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии бонувон зиёд шуд»,-иброз намуд Ашрафҷон Гулов.

Ҳамсуҳбатон ҷиҳати рушди ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба дар самти ҳифзи иҷтимоӣ ва иҷрои бандҳои мухталифи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва таъсис намудани гурӯҳи кориро ҳамоҳанг намуданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Мир может остаться без овощей

Согласно прогнозам, изменения в окружающей среде, включая потепление климата, дефицит воды и утрату биоразнообразия, станут еще более глубокими в XXI веке, что создает серьезные проблемы. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: