Зебодухтари тоҷик дар Миср Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад

0
3 337 просмотров

Сафина Ғоибова модели тоҷик Тоҷикистонро дар озмуни бонуфузи байналмилалии «Miss Intercontinental» муаррифӣ мекунад.

Зебодухти тоҷик дар миёни 90 зебосанамаи кишварҳои дунё иштирок ва Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад. Дар озмуне, ки Сафина ширкат меварзад  аз 5 то 22-юми декабр дар Миср баргузор мегардад.

https://www.instagram.com/p/B5a8gbdDIqZ/?utm_source=ig_embed

Ӯ дар сафҳаи Instagram — и худ хабари ширкат намудан дар ин озмуни ҷаҳонии зебоиро нашр намуда, афзудаст, ки «ин яке аз воқеаи бузург дар ҳаёташ мебошад».

“Имрӯз мехоҳам ба Шумо оиди яке аз воқеаҳои бузурги ҳаёти худ бигӯям. Хеле вақт шуда буд, ки оиди касби моделии худ ба Шумо маълумоте надода будам, акнун мехоҳам бигӯям, ки Тоҷикистонро дар озмуни бонуфузи байналмилалии “Miss Intercontinental” муаррифӣ менамоям. То ин вақт ба он хотир нагуфтам, ки ҳамааш дар охирин лаҳза маълум шуд”, – навиштааст ӯ дар саҳифаи инстаграми худ.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Сафина дар озмуни моделҳои беҳтарини Иттиҳоди давлатҳои мустақил (” Топ-модель СНГ”) сазовори ҷои дуввум гардида буд.

Манбаъ: Sputnik-tj

Нет комментариев

Также рекомендуем

Такмили ихтисоси 15 нафар устодону омӯзгорони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон дар курсҳои бозомӯзии Узбекистон

Дар доираи ҳамкории вазоратҳои фарҳанги ҷумҳуриҳои Тоҷикистону  Узбекистон ва иҷрои  «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат, табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» 15 нафар устодону омӯзгорони ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: