ЗАМИНЛАРЗА ДАР ИНДОНЕЗИЯ. Шумораи қурбониён ба 162 нафар расид

0
942 просмотров

Бар асари заминларзаи шиддатнокиаш 5,6 дараҷа, ки дирӯз, 21 ноябр дар ҳавзаи Чианҷури Индонезия рух дод, 162 нафар ба ҳалокат расидаанд. Аксари онҳо кӯдакони синни мактабӣ мебошанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии Kompas TV хабар медиҳад.

Бино ба маълумоте, ки губернатори Яваи Ғарбӣ Ридвон Камил ба телевизион пешниҳод кардааст, 326 нафар сокинони Чианҷур ҷароҳати вазнин бардошта, 13 ҳазору 784 нафарро тахлия кардаанд.

«Маркази тамоси агентии метеорологии Индонезия дар бораи 162 қурбонӣ хабар дод. Аксари онҳо кӯдакон буданд, аз ин рӯ мо хеле нигарон ҳастем», — гуфт Ридвон Камил ба Kompas TV.

Ӯ илова намуд, ки сабаби бештар қурбон шудани кӯдакон мавҷудияти теъдоди зиёди мактаб-интернатҳо дар Чианҷур аст.

Губернатор гуфт, ки беш аз 2300 хона бар асари заминларза осеб дидаанд. Фоизи зарари биноҳо аз 60% то 100% буда, харобшавии пурра арзёбӣ мешавад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Как выглядел Чебурашка в самой первой книге: ты поразишься, когда узнаешь!

Новая комедия «Чебурашка» побила все рекорды — этот фильм обошел по сборам в России «Аватара», «Мстителей», «Человека-паука», «Короля льва», «Холопа» и «Движение вверх». А еще — породил множество ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: