Заминаи таъмини ҳосилнокии баланд дар ғаллакорӣ

0
3 885 просмотров

Имрӯз, 15 сентябр дар ҷамоати Истиқлоли ноҳияи Спитамен дар мавзӯи «Заминаи таъмини ҳосилнокии баланд дар ғаллакорӣ» семинар-машварати вилоятӣ доир мегардад.

Дар семинар-машварат дар мавзӯи «Самтҳои афзун намудани истеҳсоли гандум барои таъмини амнияти озуқаворӣ» муовини Раиси вилоят Сулаймон Зиёев маърӯза хоҳад кард. Дар семинар ҳамзамон ноиб-президенти Академияи илмҳои кишоварзии ҶТ С. Саидов дар мавзӯи «Технологияи парвариши зироатҳои ғалладонаи тирамоҳӣ» баромад мекунад. Иштирокдорони семинар дар қисми амалӣ бо ҷараёни кишти ғалла дар хоҷагии деҳқонии «Арслонбобо» ва бо технологияи омодакунии тухми гандум барои кишт шинос мегарданд.

Дар ин бора http://sugd.tj/index.php/tj/navidi-sugd/5298-2015-09-15-04-40-35 хабар медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Медали тиллои Шоира ва Баҳодур

Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Д. Шопоков дар Бишкек сазовори 4 медал, аз ҷумла 2 ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: