Ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ дар шаҳри Исфара

0
5 160 просмотров

Бо мақсади ба касбомӯзию забономӯзӣ ва шаҳодатномакунонии маллакаҳо фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ дар филиали Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар шаҳри Исфара ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ доир гардид.

Дар ин бора ташкилкунандагони ин чорабинӣ — бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва шӯъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара иттилоъ доданд.

Дар ярмаркаи ҷойҳои холии кор 259 ҷои корӣ холӣ бо музди меҳнати аз 400 то 1500 сомонӣ аз ҷониби 6 кордиҳанда пешниҳод гардид. 11 нафар бо кори доимӣ таъмин ва 15 нафар ба касбомӯзӣ номнавис шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ифтитоҳи Муассисаи томактабии хусусии “Зебунисо” дар шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи томактабии хусусии Зебунисоро ифтитоҳ намуд. Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: