Баргузории ярмарка-фурӯши кишоварзӣ

0
4 823 просмотров

Санаи 20 феврали соли равон дар саҳни ҳавлии Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд.

Yarmarka-nihol-Khijand-4 Yarmarka-nihol-Khijand-3

Ярмарка-фурӯши ниҳолҳо бо мақсади муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонии соли 2016 дар шаҳру ноҳияҳо ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, аҳолии вилоят ва ташкилоту идораҳо дар корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва бунёд боғу токзорҳои нав баргузор гардид.

Дар ярмаркаи мазкур шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ беҳтарин навъи ниҳолу тухмиҳоро пешниҳоди ниҳолпарварону сокинон намуд.

Yarmarka-nihol-Khijand-5 Yarmarka-nihol-Khijand-2

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо ҷараёни баргузории ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ шинос гардида, аз растаҳои гуногуни ниҳолу гулҳо дидан намуд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Нет комментариев

Также рекомендуем

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ: Марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон оғоз шуд

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 1‑уми марти соли 2019 марҳалаи асосии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: