Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад

0
4 719 просмотров

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон санаҳои 12-13-уми майи соли равон дар назди Театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии марказии вилоят, инчунин дар маркази шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол ярмарка — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ баргузор мегардад.

Дар ярмарка кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят, корхонаҳои паррандапарварӣ, иттифоқҳои матлуботи вилоят, соҳибкорон ва дигар хоҷагиҳои ёрирасон маҳсулоти хушсифатро нисбат ба нархҳои бозор арзонтар пешниҳоди сокинон менамоянд.

Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ соати 8-00 оғоз меёбад.

Марҳамат ба ярмарка!

Нет комментариев

Также рекомендуем

«Паёми субҳ» 07:00 (Дш-Ҷм)

«Паёми субҳ» — тавре ба ҳамагон маълум аст, ин шоу-барномаи пагоҳирӯзӣ, дар радио мухлисони зиёд дарёфта, хеле хуб пазируфта шудааст. Барнома бахшҳои ҷолиб дорад. Аз ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: