Як шабонарўз барои ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштан

0
10 969 просмотров

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки имсол дар Федератсияи Россия мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол баргузор мегардад. Бинобар ин аз  25 май то 25 июли соли равон шаҳрвандони хориҷие, ки ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Волгоград, Екатеринбург, Қазон, Калининград, Нижний Новгород, Ростови лаби Дон, Самара, Саранск ва Сочии Федератсияи Россия барои будубоши муваққатӣ (ё доимӣ) ва ё фаъолияти меҳнатӣ сафар менамоянд, бояд дар давоми як шабонарўз ба қайди муҳоҷиратӣ гузошта шаванд. Бинобар ин  ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми сафар ба шаҳрҳои  мазкури Федератсияи Россия то саршавии Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол, яъне то 25 майи соли равон бақайдгузорӣ дар ҷойи зистро анҷом диҳанд. Бе зарурат аз воридшавӣ ба ин шаҳрҳои Федератсияи Россия дар давраи зикршуда худдорӣ намоянд. Зеро чораҳои амниятӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори Федератсияи Россия дар ин давра пурзӯр гардида, қоидавайронкуниҳои ночиз метавонанд аз ҷониби мақомоти дахлдор сабаби татбиқи чораҳои қатъӣ нисбат ба онҳо гарданд.

Вобаста ба масъалаи мазкур шаҳрвандони мамлакат  метавонанд бо телефонҳои зерин тамос гиранд:

 

Хадамоти муҳоҷират – 225-05-81; 225-07-19;

 

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират –  44640-19-51; 44640-91-99.

 

 

Манбаъ: сомонаи расмии АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

США поддержали переговоры по Сирии в Астане

США поддерживают идею межсирийских переговоров в Астане, равно как и любые другие усилия по урегулированию конфликта в Сирии, заявил во вторник официальный представитель госдепартамента Марк Тонер. Ранее в тот же день ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: