Як қатор қонунҳо аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонида шуданд

0
2 085 просмотров

Имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳ қонун ба имзо расонида шуд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи сайёҳӣ», «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» аз ҷумали онҳо мебошанд.

Қонунҳои номбурда барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ, рушди сайёҳӣ, соҳибкорӣ, фаъолияти бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои пардохтӣ ва дар маҷмуъ барои пешрафти минбаъдаи кишвар ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудаанд.

Қонунҳо дар матбуот чоп мешаванд.

 

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Баргузории Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи маориф»

Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таъмин намудани сулҳу оромии кишвар инчунин дар ҳалли масъалаҳои маориф ва ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: