Вомбаргҳои Тоҷикистон дар 4 шаҳри дунё

0
3 843 просмотров

Евробондҳо (вомбарг ё коғази қиматнок)-и давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми август дар чаҳор шаҳри бузурги дунё – Ню Йорк, Бостон, Сюрих ва Лондон – ба маърази сармоядорон ва харидорони эҳтимолӣ гузошта хоҳанд шуд. 

Тоҷикистон барои ҷалби сармоя ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба миқдори 500 миллион доллар вомбаргҳои давлатиро нашр кард, ки мӯҳлати гардишашон 10 сол аст. “Роуд-шоу” ё муаррифии вомбаргҳои Тоҷикистон ба сармоягузоронро ду бонки ҷаҳонӣ Citi-и Амрико ва Raiffeisen Bank International ташкил мекунанд.

Роуд-шоу як маъракаи муҳими қабл аз ба биржа баромадани вомбаргҳои давлатӣ аст ва ин маърака аз 31-уми август то 6-уми сентябр идома мекунад.

Пас аз маъракаи муаррифӣ ба харидорони эҳтимолӣ, биржаи аслии фурӯши вомбаргҳои Тоҷикистон – биржаи Люксембург – хоҳад буд. Бар асоси маълумотномаи ибтидоии ин вомбаргҳо ва ё пропектерс ҳуқуқи харидорони ин вомбаргҳо бар асоси қонунгузории иёлоти Ню-Йорки Амрико танзим хоҳад шуд.

Манбаъ: Сомонаи Тоҷикистон таймс

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Нарх танзим гардида, вазъи бозор дар ҳолати муътадил нигоҳ дошта мешавад!

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки овозаҳо вобаста ба баландшавӣ ва камчинии маводи озуқаворӣ дар пасманзари паҳншавии сирояти коронавирус дар дигар ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: