Варзишгарон 218 медали тилло ба даст оварданд

0
4 028 просмотров

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров варзишгарон ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд. Ин аст, ки дастовардҳо сол аз сол бештар мегарданд. 

Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, ки бо дастгириҳои Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои ҷавонон шароитҳои беҳтар барои донишомўзӣ ва машғул шудан ба машқу тамрин мўҳайё карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки варзишгарони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар 61 мусобиқа, аз ҷумла дар 29 мусобиқаи ноҳиявӣ, 16 мусобиқаи вилоятӣ, 12 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 4 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда, 640 медал ба даст оварданд. Аз маҷмӯи медалҳои ба дастовардашуда 218 ададашро медалҳои тилло, 217 ададро медали нуқра ва 205 ададро медали биринҷӣ ташкил мекунад.

Манбаъ: Сомонаи Суғд ТҶ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Android аз Windows пеш гузашт

Системаи оператсионии Android, ки дар Google коркард мешавад, аз рӯи шумораи истифодабарандагони интернет бори нахуст аз Windows пеш гузашт. Бино ба гуфти намояндагони хизматрасонии веб-таҳлилии ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: