Варзишгари тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар Тошканд соҳиби медали биринҷӣ гардид

0
7 065 просмотров

Муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов 5 май дар даври нимфиналии Чемпионати Осиё оид ба бокс дар пойтахти Ӯзбекистон — шаҳри Тошканд дар вазни то 91 кило аз варзишгари ҳиндустонӣ Сумит Сангван бо ҳисоби 0:5 мағлуб шуд ва барои ҷойи сеюм соҳиби медали биринҷӣ гардид. Ҷаҳон Қурбонови 31-сола, ки дар даври аввал озод буд, рақобатро аз даври чорякниҳоӣ шурӯъ кард. Вай 3 май дар Чемпионати Осиё оид ба бокс бар Маҳмуд Саноуллоҳи 24-сола аз Покистон бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуда, ба нимфинал баромад. Ӯ дар қувваозмоии нимфиналӣ аз варзишгари ҳиндустонӣ Сумит Сангвани 24-сола шикаст хӯрд. Ба ин тартиб, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё аз ҳашт муштзани тоҷик танҳо як нафар- Ҷаҳон Қурбонов соҳиби медал шуд. Чемпионати Осиё оид ба бокс дар Тошканд, ки бо ширкати 179 варзишгар аз 28 кишвар ҷараён дорад, рӯзи 7 май ба поён расид. Варзишгарон ба ҷуз медалҳо, барои роҳхатҳо ба Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки аз 25 август то 4 сентябр дар шаҳри Ҳамбурги Олмон барпо мегардад, мубориза бурдаанд.

          Манбаъ: www.khovar.tj

Нет комментариев

Также рекомендуем

Рубль ждет трудный сентябрь

Рубль и другие валюты развивающихся рынков ждет трудный сентябрь. Если американский Федеральный резерв повысит ставку, то вполне вероятен новый виток девальвации. Но если раньше она повышала конкурентоспособность местных ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: