Ваҳдатободи Мастчоҳ бо оби ошомиданӣ таъмин шуд

0
2 206 просмотров

Сокинони маҳаллаи Ваҳдатободи Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ бо оби хушсифати ошомиданӣ таъмин шуданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, ба истиқболи ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои бахшида ба Даҳсолаи байналмилаллии амал «Об барои рушди устувор» дар маҳаллаи Ваҳдатобод бо харҷи 300 ҳазор сомонӣ чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд. Қабл аз ин мардум бо душворӣ ва тай намудани чандин километр роҳ аз дигар маҳаллаҳо об меоварданд ва бо бунёди ин чоҳ мушкилӣ бартараф гардид. Маҳаллаи Ваҳдатободи Ҷамоати деҳоти Навбаҳор, ки қаблан Ятимчуқи номида мешуд, аз маҳаллаҳои навбунёди ноҳия маҳсуб меёбад, ки аз ин минтақа алакай 243 га замин ба 1700 оилаи эҳтиёҷманд тақсим гардидааст.

Ба иттилои манбаъ дар соли ҷорӣ дар 3 мавзеи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия чоҳҳои амудӣ бунёд ва мавриди истифода қарор мегиранд. Дар Ҷамоати деҳоти Оббурдон бо дастгирии роҳбарияти ноҳия хатти оби нӯшокӣ тармим ва дар маҳаллаи Азизободи деҳоти Мастчоҳ бунёди чоҳи амудӣ бо ин мақсад идома доранд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Тоҷикистон наздик ба 250 ҳазор нафар дар Дави миллӣ ва беш аз 19 ҳазор нафар дар марафони велосипедронӣ иштирок намуданд

Санаи 18.05.2025 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид. Дар Дави миллӣ дар тамоми ҷумҳурӣ наздики 250  ҳазор нафар, дар ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: