Урдугоҳи «Парвоз» бо 700 ҳазор сомонӣ таъмир карда мешавад

0
4 210 просмотров

Урдугоҳи беруназшаҳрии «Парвоз»-и шаҳри Хуҷанд бо ҷалби беш аз 700 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷети маҳаллӣ ба таъмиру таҷдид фаро гирифта гирифта шудааст. 

Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд ҳудуди урдугоҳи «Парвоз» беш аз 5, 6 гектарро ташкил намуда, дар он 4 бинои хобгоҳи умумии истироҳатӣ бо фарогирии беш аз 200 нафар истироҳаткунандагон мавҷуд аст. Дар истироҳатгоҳ дар баробари ошхона, ҳавзи шиноварӣ ҳамзамон амфитеатр, ҳаммом, нуқтаи тиббӣ, китобхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ мавҷуд буда, то мавсими нави истироҳату фароғати наврасон он омода карда мешавад.

То имрӯз як қатор корҳои асосӣ, аз ҷумла таъмири роҳравҳои асосии урдугоҳ дар ҳаҷми 500 метри мураббаъ, ҳавзи оббозӣ, чароғоннамоӣ, ошхона ва ғайраҳо ба анҷом расида, дар дигар самтҳо корҳо босуръат идома дорад. Пудратчии корҳо «ҶДММ СУ-5» буда, алҳол беш аз 20 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ дар ин мавзеъ машғули коранд.

 Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Губка барои тоза кардани пойафзол

     Ассалому алайкум дустони азиз,   бигзор  бо табъи хушу чеҳраи хандон боз як рӯзро сипарӣ намоеду, ҳамеша манзилатон обод, табъатон шод, дилатон нарм бошад.   Имрӯз ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: