Қурби расмии асъор барои имрӯз: 17.02.2020

0
1 736 просмотров

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА — 9.6966 сомонӣ;

1 евро – 10.5150 сомонӣ;

1 рубли русӣ — 0.1518 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:

1 доллари ИМА  аз 9.6966 то 9.7000 сомонӣ;

1 евро аз 10.5150 то 10.6500 сомонӣ;

1 рубли русӣ аз 0.1518 то 0.1533 сомонӣ.

БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Рӯдакӣ

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд. Дар деҳаи Шаҳристони ҷамоати ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: