Унвони «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» ба пешқадамон

4
6 705 просмотров

sh-fahriБо қарори раиси шаҳри Хуҷанд барои хизматҳои шоиста, фаъолияти пурсамари меҳнатию ташкилотчигӣ дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, илм ва маориф, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятии шаҳр чанд нафар «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» баргузида шуданд.

Тавре аз мақомоти маҳаллӣ дар Хуҷанд иттилоъ доданд, ходими ҳизбӣ ва давлатӣ Ҳасанов Олимҷон Толибҷонович, олим ва мураббӣ Назаров Абдушукур Абдураҳимович, ходими давлатӣ ва сиёсӣ Қурбонов Юсуф Ҳоҷибоевич муҳақиқ ва муаррихи шинохта Турсунов Назирҷон Очилович ва ходими давлатию ҳизбӣ Ҳасанова Шуҷоат Ҳасановна ба гирифтани чунин унвон сазовор дониста шуданд.

Лозим ба ёдоварист,ки унвони ифтихории «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд»  барои шахсони собиқадори  соҳаҳои мухталиф, ки дар пешрафт, ободӣ ва рушди маркази вилоят саҳми арзанда доранд, дода мешавад.

Дар ин бора sugd.tj хабар медиҳад.

4 comments

Добавить комментарий для Биение сердца Отменить ответ

Также рекомендуем

Минута спорта от 26/04

По итогам трех туров в чемпионате Таджикистана среди команд высшей лиги сохранилось двоевластие, сообщает официальный сайт Федерации футбола РТ. Добыв по три победы в трех ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: