Аз 26 январ дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд

0
213 просмотров

Аз 26 январ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд.

Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, тибқи он нишастҳои матбуотӣ 26 январ оғоз шуда, 13 феврал ба анҷом мерасанд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.

Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Пас аз навшавӣ WhatsApp боз ҳам рангоранг шуд

Функтсияи наве, ки мессенджери WhatsApp соҳиб гашт, ба шакли навкардашудаи сархати асоси рангоранги  Facebook хеле монанд мебошад. Инчунин дар сархати асосӣ қиссаҳоро низ ҷой додан ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: